السبوح
كلمة (سُبُّوح) في اللغة صيغة مبالغة على وزن (فُعُّول) من التسبيح،...
Алиф, лом, мим, ро. Ин оёти китоби [осмонӣ] ва он чи аз [сӯйи] Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд
Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳоро бидуни сутунҳое, ки онҳоро бубинед, барафрошт, он гоҳ бар Арш қарор гирифт ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст, ки ҳар як то замоне муайян дар [мадори худ] равон бошанд. Ӯ кор [-и ҷаҳон]-ро тадбир мекунад ва оёти [хеш]-ро ба равшани баён медорад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин пайдо кунед
Ва Ӯст он ки заминро бигустард ва дар он кӯҳҳои устувор ва ҷӯйборҳо падид овард ва дар он аз ҳар гуна мевае ду гуна офарид, шабро ба рӯз [ва рӯзро ба шаб] мепӯшонад. Ҳатман, дар инҳо барои мардуме, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Ва дар замин қитаоте аст дар канори ҳам [ки бо якдигар мутафовитанд] ва [низ] боғҳое аз ангур ва киштзорҳову дарахтони хурмо, ки [нару модаанд ва] гоҳ аз як реша мерӯянд ва гоҳ аз решаҳое мутафовитанд ва [ҳамаи онҳо] бо як об сероб мешаванд. Ва [бо ин ҳол] баъзе аз онҳоро дар [таъму хосияти] мева бар дигаре бартарӣ медиҳем. Бе тардид, дар ин [амр низ] барои мардуме, ки хирад меварзанд, нишонаҳо [-и равшане] ҳаст
Ва [эй паёмбар] агар [аз беимонии кофирон] тааҷҷуб мекунӣ, аҷиб [-тар] гуфтори онон аст, ки [дар бораи миод мегӯянд]: «Оё вақте хок шудем, воқеан [зинда мешавем ва] дар офариниши ҷадиде хоҳем буд»? Инонанд, ки ба Парвардигорашон куфр варзидаанд ва дар гарданҳояшон [аз оташ] занҷирҳост ва онон аҳли оташанд [ва] дар он ҷовидонанд
Ва [эй паёмбар, мушрикон] пеш аз некӣ [раҳмат] ба шитоб аз ту бадӣ [азоб]-ро дархост мекунанд ва ҳол он ки пеш аз эшон [низ бар кофирон] уқубатҳои ибратомӯз рафтааст ва ба ростӣ, Парвардигорат нисбат ба мардум, бо вуҷуди ситамгориашон омӯрзандааст ва бешак Парвардигорат сахткайфар аст
Кофирон мегӯянд: «Чаро нишонаҳо [ва муъҷизоте ҳаммонанди Мӯсо ва Исо] аз Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? [Эй паёмбар] бе тардид, ту фақат бимдиҳандаӣ ва ҳар қавме [паёмбари] ҳидоятгаре дорад
Аллоҳ таоло медонад он чиро, ки ҳар модае [дар раҳим] бор мегирад ва [низ] он чиро, ки раҳимҳо мекоҳанд ва он чиро меафзоянд ва ҳар чизе назди Ӯ ба андоза [ва дақиқ] аст
[Ӯ] Донои ниҳону ошкор [ва] бузургу баландмартаба аст
[Эй мардум] Ҳар касе аз шумо, ки сухани худро пинҳон кунад ё онро ошкоро баён созад ва ҳар ки дар [торикии] шаб пинҳон гардад ё дар рӯз [ба дунболи анҷоми корҳояш] биравад, [дар илми илоҳӣ] яксон аст [ва Ӯ ҳамаро медонад]
Ӯ [Аллоҳ таоло] фариштагоне дорад, ки ҳамвора [бандаи] Ӯро аз пешорӯ ва аз пушти сараш ба фармони Аллоҳ таоло ҳифз мекунанд. Бе гумон, Аллоҳ таоло ҳол [ва сарнавишти накуи] ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар он ки онон он чиро, ки дар дилҳояшон доранд, дигаргун созанд [ва муртакиби гуноҳ шаванд]. Ва ҳангоме ки Аллоҳ таоло барои қавме [гирифторӣ ва] бадӣ бихоҳад, ҳеҷ чиз монеаш нахоҳад шуд ва онон ҷуз [Зоти поки] Ӯ ҳеҷ корсозе надоранд
Ӯст, ки барқро барои бим [соиқа ва оташ] ва умед [борон] ба шумо менамоёнад ва абрҳои гаронборро падид меоварад
Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз хавфу хашят Ӯро тасбеҳ мегӯянд ва [Ӯст, ки] соиқаҳоро мефиристад. Пас, он [соиқаи маргбор] ба ҳар ки Ӯ бихоҳад, бархӯрд мекунад ва онон [кофирон] дар бораи [ягонагии] Аллоҳ таоло муҷодала мекунанд ва Ӯ сахтгир [-у сахткайфар] аст
Даъват ба ҳақ [тавҳид] аз они Ӯст ва [бутҳо ва дигар] касонеро, ки [мушрикон] ба ҷойи Ӯ мехонанд, [ҳаргиз] ба эшон посухе намедиҳанд, магар монанди касе, ки ду дасташро ба сӯйи об бикушояд, то [об] ба даҳонаш бирасонад, дар ҳоле ки [ҳеҷ обе] ба [даҳони] ӯ намерасад ва дуои кофирон [дар баробари бутҳояшон] ҷуз дар гумроҳӣ нест
Ва ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст, хоҳу нохоҳ ва [ҳатто] сояҳояшон бомдоду шабонгоҳ барои Аллоҳ таоло саҷда [ва фурӯтанӣ] мекунанд
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: « Парвардигори осмонҳо ва замин кист»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло».
[Сипас] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Ӯ [дӯстону] корсозоне баргузидаед, ки [ҳатто] молики суду зиёни худ нестанд»? Бигӯ: «Оё нобино ва бино баробаранд? Ё торикиҳо ва нур яксонанд? Ё онон шариконе барои Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳамчун офариниши Ӯ офаридаанд ва [дар натиҷа амри] офариниш бар онон муштабаҳ шудааст»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ ягонаи пирӯзманд аст
[Аллоҳ таоло] Аз осмон обе фурӯ борид, он гоҳ рӯдҳо ҳар як ба андозаи [ғунҷоиши] худ ҷорӣ шуданд ва селоб кафк рӯйи худ баровард ва аз он чи бар оташ меафрузанд [ва мегудозанд], то зевар ё колое ба даст оваранд, [низ] кафке ҳаммонанди он [аз об бармеояд]. Аллоҳ таоло ҳаққу ботилро инчунин мисол мезанад. Ва аммо кафк ба каноре меравад ва нест мегардад, вале он чи ба мардум суд мерасонад, бар замин [боқӣ] мемонад. Аллоҳ таоло масалҳо инчунин баён мекунад
Барои касоне, ки [даъвати] Парвардигорашонро иҷобат карданд, подоши неки [биҳишт дар пеш] аст ва касоне, ки [даъвати[ Ӯро иҷобат накарданд, агар тамоми он чи дар замин аст ва [низ] ҳаммонандашро бо он доштанд, яқинан [ҳозир буданд, ки ҳамаро] барои раҳоии хеш [аз азоб] бипардозанд [вале аз эшон пазируфта нахоҳад шуд]. Онон ҳисоби баде доранд [ва бозхосте бисёр сахт] ва ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад ҷойгоҳе ҳаст!
Оё касе, ки медонад, ки он чи аз [тарафи] Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст, монанди касест, ки [нисбат ба ҳақ] нобиност? Танҳо хирадмандон панд мегиранд.
[Ҳамон] Касоне, ки ба паймони Аллоҳ таоло вафо мекунанд ва аҳд намешикананд
Ва касоне, ки ҳар он чиро Аллоҳ таоло ба пайванд кардани он фармон додааст, мепайванданд [силаи раҳим мекунанд] ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии ҳисоб меҳаросанд
Ва касоне, ки барои касби хушнудии Парвардигорашон шикебоӣ кардаанд ва намоз барпо доштаанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкоро инфоқ кардаанд ва бадиро бо некӣ мезудоянд. Ононанд, ки нек фарҷоме хоҳанд дошт.
[Подошашон] Боғҳои ҷовидон [-и биҳишт аст], ки онон ва ҳар як аз падарон ва ҳамсарону фарзандонашон, ки накукор будаанд, ба он ворид мешаванд ва фариштагон аз ҳар даре бар онон дармеоянд
[Ва ба онон мегӯянд] «Салом бар шумо ба [подоши] он чи [бар имонатон] шикебоӣ кардаед. Пас, чи накуст фарҷоми он саро!»
Ва касоне, ки паймони Аллоҳро пас аз устувор карданаш мешикананд ва он чиро, ки Аллоҳ таоло ба пайвастанаш фармон додааст [силаи раҳим] қатъ мекунанд ва дар замин [фитнаву] фасод мекунанд, инонанд, ки [дар охират] лаънат ва бад фарҷоме доранд
Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад ва [кофирон] ба зиндагии дунё шод шуданд, ва[-ле] зиндагии дунё дар [баробари] охират ҷуз баҳрае [ночиз] нест
Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Чаро нишонае аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? Бигӯ: «Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро, ки бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар киро, ки тавба намояд, ба сӯйи хеш ҳидоят мекунад»
[Ҳамон] Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ таоло ором мегирад. Бидонед, ки бо ёди Аллоҳ таоло аст, ки дилҳо ором мегирад
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, хушо бар онон! Ва нек саранҷоме доранд
[Эй паёмбар] Бад-ин сон туро байни уммате фиристодем, ки пеш аз онҳо умматҳое омада [ва рафта] буданд, то он чи бар ту ваҳй кардаем, бар онон бихонӣ ва ҳол он ки онон ба [Парвардигори] раҳмон куфр меварзанд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст [ва] маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва бозгаштам ба сӯйи Ӯст»
Ва [ҳатто] агар Қуръоне буд, ки кӯҳҳо аз [ҳайбати] он ба ҳаракат дармеомад ва замин пора-пора мешикофт ё мурдагон аз [тиловати] он ба сухан дармеомаданд, [боз ҳам кофирон имон намеоварданд]. Амри [тадбири ҷаҳон ва нузули муъҷизот] аз они Аллоҳ таоло аст.
Оё касоне, ки имон овардаанд, намедонанд, ки агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва касоне, ки куфр варзиданд, пайваста ба [сазои] он чи кардаанд, гирифтори мусибати кӯбандае мешаванд ё [азоби илоҳӣ] наздики хонаҳояшон фуруд меояд ё [саранҷом] ваъдаи Аллоҳ таоло фаро мерасад. Бе тардид, Аллоҳ таоло хилофи ваъда намекунад
[Эй паёмбар] Яқинан, паёмбароне, ки пеш аз ту буданд, [низ] мавриди тамасхур воқеъ шуданд, он гоҳ ба касоне, ки куфр варзиданд, муҳлат додам, сипас ононро [ба азоб] фурӯ гирифтам. Пас, [бингар, ки] кайфари ман чи гуна буд
Оё он [Парвардигоре], ки ҳоким бар ҳар кас ва [нозир бар] рафтору кирдори ӯст, [ба парастиш сазовортар аст ё бутҳои беҷон]? Ва [кофирон] барои Аллоҳ таоло шариконе қарор додаанд. Бигӯ: «Ононро ном баред».
Оё [мехоҳед ба] ӯ дар бораи он чи дар замин аст ва ӯ намедонад хабар диҳед, ё фақат сухани сатҳие ва [беасос] мегӯед? [Чунин нест] балки барои касоне, ки куфр варзидаанд, найрангашон ороста шудааст ва аз роҳи [ҳақ] боздошта шудаанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ гузорад, ҳидоятгаре нахоҳад дошт
Онон дар зиндагии дунё азоб [-и дардноке] доранд ва ҳатман, азоби охират сахттар аст ва дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёру] мудофеъе надоранд
Вижагии биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, [чунин аст, ки] ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, меваҳояш ҳамешагӣ ва сояаш [низ доимӣ аст]. Ин саранҷоми касонест, ки парҳезгорӣ кардаанд ва саранҷоми кофирон оташ [-и дузах] аст
Ва касоне, ки ба онон китоби осмонӣ додаем, аз он чи бар ту нозил шудааст, шодмон мешаванд ва бархе аз гурӯҳҳо[-и аҳли китоб] бахше аз онро инкор мекунанд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ман дастур ёфтаам, Аллоҳро бипарастам ва ба Ӯ ширк наварзам, ба сӯйи Ӯ даъват мекунам ва бозгаштам ба сӯйи Ӯст»
Ва бад-ин сон, ин Қуръонро фармоне ба забони арабӣ [-и фасеҳ] нозил кардем ва агар пас аз донише, ки [аз ҷониби Парвардигор] бароят омадааст, аз ҳавасҳои онон [мушрикон] пайравӣ кунӣ, дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ корсоз ва нигаҳдорандае нахоҳӣ дошт
Ва бе тардид, пеш аз ту паёмбароне фиристодем ва барои онон [монанди дигар инсонҳо] ҳамсарону фарзандоне қарор додем ва барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло [муъҷиза ва] ояте биёварад. Ҳар амре [тақдиру] навиштае [маълум] дорад
Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки бихоҳад аз миён мебарад ва [он чиро бихоҳад] устувор медорад ва умму-л-китоб [Лавҳи маҳфуз] назди Ӯст
Ва [эй паёмбар] агар бархе аз он чиро, ки ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем ё [пеш аз фаро расидани азоб] туро бимиронем, [дар ҳар ҳол] фақат таблиғи [рисолат] бар [уҳдаи] туст ва ҳисоб [-у муҷозоташон] бар мост
Оё [кофирон] надидаанд, ки мо [бо футуҳоти лашкари ислом] аз доманаҳои сарзамини [куфр] мекоҳем [ва бар қаламрави ислом меафзоем]? Ва Аллоҳ таоло ҳукм мекунад ва барои ҳукмаш [ҳеҷ] боздорандае нест ва ӯ дар ҳисобрасӣ сареъ аст
Ва ба ростӣ, касоне, ки пеш аз онон буданд [барои муқобала бо паёмбаронашон] макр варзиданд, вале тамоми макрҳо [ва тадбирҳо] аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ медонад, ки ҳар касе чи мекунад ва ба зудӣ кофирон хоҳанд донист, ки фарҷоми [накуи] сарои [охират] аз они кист
Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] Ту фиристода [-и Аллоҳ таоло] нестӣ». Бигӯ: «Кофист, ки Аллоҳ таоло ва касе, ки дониши [китобҳои осмонии пешин] назди Ӯст, миёни ману шумо гувоҳ бошад»